КҲФ: Ҷасади як мард 20 километр поёнтар аз ҷойи садамаи мошини Алишер Мирзонабот пайдо шуд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҷасади як мардро тақрибан 20 километр поёнтар аз маконе пайдо кардаанд, ки мошини хидматии Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дарё сарозер шуда буд.

Дар ин бора Ориф Нозимиён, сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи КҲФ бо нашри чанд акс аз ҷойи ҳодиса хабар додааст.

Ба иттилои ӯ, ҷасад аз маҳалли ҳодисаи нохуш, ки бар асари садамаи нақлиётӣ мошини раиси ВМКБ бо ҳамроҳонаш ба дарё афтода буд, тақрибан 20 километр поёнтар дарёфт шудааст.

«Шояд ба ҳодиса марбут бошад», – омадааст дар хабарномаи КҲФ.

Кумита таъкид кардааст, ки ҳоло сохторҳои дахлдор барои муайян кардани шахсияти ҷасади дарёфтшуда кор мебаранд. Аз ин рӯ, то анҷоми ташхис ва тасдиқи расмӣ маълум нест, ки ҷасади пайдошуда ба яке аз қурбониёни садама тааллуқ дорад ё не.

Ҳамзамон, ба иттилои КҲФ, корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома доранд. Дар амалиёт беш аз 200 наҷотдиҳанда дар ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷалб шудаанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар ҷустуҷӯҳо беш аз 100 нафар иштирок доранд. Ҳоло шумораи нерӯҳои ҷалбшуда афзоиш ёфта, корҳои ҷустуҷӯӣ ҳам дар рӯи об ва ҳам зери об идома доранд.

Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17 июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарё сарозер шуда буд. Ӯ ва ҳамроҳонаш аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *