Зиёда аз 100 наҷотдиҳанда дар ҷустуҷӯи Алишер Мирзонабот
Зиёда аз 100 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва чаҳор нафари дигар, ки ҳамроҳи ӯ дар автомашинаи ба дарёи Панҷ сарозер шуданд, ҷалб гардидаанд.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимиён хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сатҳи оби дарёи Панҷ ҳанӯз баланд буда, ҷараёни тези он амалиёти ҷустуҷӯиро мушкил мегардонад. Бо вуҷуди ин, гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳар рӯз аз субҳи барвақт то шом ба корҳои ҷустуҷӯӣ машғуланд.
Гуфта мешавад, ки дар маҳалли ҳодиса ситоди фаврӣ таъсис ёфта, намояндагони тамоми сохторҳои дахлдори давлатӣ дар он ҳузур доранд.
Наҷотдиҳандагон ҳам сатҳи об ва ҳам қаъри дарёро дар минтақаи ҳодиса ва қисматҳои поёноби он мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ёдовар мешавем, ки 17 июн раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳангоми бозгашт аз шаҳри Душанбе ба Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд. Дар автомашина ҳамчунин ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолаашон Орифа Мирзонаботзода, ёвари раиси вилоят Садоншо Ҷанобалишо ва ронанда Сино Муборакшоев қарор доштанд. Автомашина дар километри 282-юми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ ба дарёи Панҷ сарозер шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ