Муҳаққиқи «Шоҳнома» ва тарғибгари таронаҳои Аҳмад Зоҳир 80-сола шуд

80 сол муқаддам, 23 июни соли 1946 донишманд, овозхони маъруф Ҷӯрабек Назрӣ ба дунё омадааст.

Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти илмии худро дар Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуд. Дар тӯли фаъолияти пурсамараш аз дараҷаи аспирант ва ходими илмӣ то мақоми директори Иттиҳодияи музейҳои адабӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ расид.

Ҷӯрабек Назрӣ аз муҳаққиқони маъруфи адабиёти классикӣ ба шумор меравад, Ӯ муаллифи асарҳои илмии «Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома”», «Таърихи Ҳумоюн»-и Гулшанӣ ва «Ҳунари номанигорӣ дар “Шоҳнома”» мебошад.

Ӯ ҳамзамон дар соҳаи мусиқӣ ва сарояндагӣ соҳиби мактаби хоси эҷодӣ буд. Бисёре аз ҳунармандони маъруфи кишвар аз мактаби ҳунарии ӯ сабақ гирифтаанд. Ҷӯрабек Назрӣ бештар бо иҷрои таронаҳои суннатӣ ва талошҳояш барои муаррифӣ ва тарғиби мероси овозхони машҳур Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон шуҳрат ёфт.

Ҷӯрабек Назрӣ 24 майи соли 2020 дар синни 74-солагӣ аз олам чашм пӯшид, вале осори илмӣ ва ҳунарии ӯ ҳамчун бахше аз мероси фарҳангии миллат боқӣ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *