Ҳалокати ҷавони 31-сола дар пайи омадани сел дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бар асари боришоти шадиди рӯзи 19 июн дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, сокини 31-сола ҷони худро аз даст додааст.

Бино ба маълумоти шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Рӯдакӣ, сел мошинро, ки ронанда дар дохили он қарор дошт, бо худ бурдааст.

Мошин ҳамон рӯз дар масофаи тақрибан 100 метр аз ҷойи ҳодиса пайдо шуда, ҷасади ронанда пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯ шоми 21 июн аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар ҳудуди деҳаи Чангоби ҷамоати деҳоти Эсанбой дарёфт шудааст.

Марҳум Олим Чақолов ном дошта, чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргаштааст. Ӯ рӯзи 22 июни соли равон дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *