Шарифхон Сафарзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ
Шарифхон Сафарзода, муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят таъин гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Шарифхон Сафарзода то таъини раиси нави вилоят вазифаи роҳбарии ВМКБ-ро ба уҳда хоҳад дошт. Номи ӯ ҳамчунин дар қарори даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, ки рӯзи 19 июн дар рӯзномаи «Бадахшон» нашр шудааст, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят зикр гардидааст.
Ин тағйирот пас аз даргузашти фоҷиавии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 июн автомашинаи раиси вилоят ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Дар ин садама Алишер Мирзонабот, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолаашон Орифа Мирзонаботзода, ёвари раиси вилоят Садоншо Ҷанобалишо ва ронанда Сино Муборакшоев фавтиданд.
Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, корҳои ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш бо ҷалби наҷотдиҳандагон то ҳол идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ