Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ 3 рӯз истироҳат!
Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн таҷлил карда мешавад, сокинони кишвар 3 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин хусус Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст.
Имсол ҷашни Ваҳдати миллӣ ба рӯзи шанбе рост меояд, аз ҳамин сабаб сокинони кишвар се рӯз – 27, 28 ва 29-уми июн истироҳат хоҳанд кард. Рӯзи корӣ аз 30-юми июн оғоз мешавад.
Ин танҳо ба кормандони ташкилоту идораҳое дахл дорад, ки реҷаи панҷрӯзаи корӣ доранд ва рӯзи шанбе барояшон рӯзи истироҳатӣ мебошад. Идораҳое, ки ҷадвали шашрӯзаи корӣ доранд, танҳо рӯзҳои 27 ва 28-уми июн истироҳат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар ҷашни давлатӣ ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории баъдӣ ғайрикорӣ эълон мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ