Қатораи Маскав – Душанбе баъд аз шаш сол дубора ба ҳаракат даромад

Пас аз танаффуси шашсола, рӯзи 21 июн ҳаракати қатораи мусофирбари Маскав – Душанбе аз нав оғоз гардид.

Тибқи иттилои расмӣ, қатораи байналмилалӣ дар ду ҳафта як маротиба ҳаракат намуда, аз ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон гузашта, тавассути шаҳрҳои Оренбург, Самара ва Пенза ба пойтахти Федератсияи Русия мерасад.

Гуфта мешавад, қатора аз шаҳри Душанбе рӯзҳои якшанбе ба роҳ мебарояд. Аз истгоҳи Павелетскии шаҳри Маскав бошад, мусофирон метавонанд рӯзҳои панҷшанбе ба Тоҷикистон сафар намоянд.

Арзиши роҳкиро вобаста ба навъи вагон аз 2617 то 3713 сомониро ташкил медиҳад.

Қатъи ҳаракати қатораи Маскав – Душанбе соли 2020 дар пасманзари маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19 сурат гирифта буд. Барқарор гардидани ин хатсайри байналмилалӣ барои ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, имкони нави сафарро фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *