Боздошти ронандаҳои маст дар Бохтар
Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Бохтар 3 ронандаро дастгир карданд, ки дар ҳолати сархушӣ воситаи нақлиётро идора мекарданд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки ронандагони дастгиршуда Мадина Алаярова, Комилҷон Наизаев, сокинони шаҳри Бохтар ва Бобоҷон Саидмуродов, сокини ноҳияи Кушониён мебошанд.
Ҳангоми ташхиси тиббӣ муайян карда шудааст, ки ронандагони боздоштгардида, нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд.
Дар натиҷа нисбат ба ронандагон нозирони роҳ протоколи маъмурӣ бо моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додаанд.
Дар асоси Қарори Суди шаҳри Бохтар нисбати ронандагони сархуш ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5-сол татбиқ карда шудааст.
Дар Тоҷикистон идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ аз дағалтарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳисобида мешавад. Ин амали зиддиҳуқуқӣ ба ҳаёти ронанда ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ оварда метавонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ