Анҷоми даври аввали музокироти Амрико ва Эрон
Қатар ва Покистон, ки дар музокироти миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши миёнравро иҷро мекунанд, аз анҷоми даври аввали гуфтушунидҳо дар Швейтсария хабар доданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қатар, ин даври музокироти сатҳи баланд дар минтақаи Бюргенштоки Швейтсария дар доираи Ёддошти тафоҳуми Исломобод баргузор шуда, дар он намояндагони Эрон, Амрико ва ҷонибҳои миёнрав – Қатар ва Покистон иштирок карданд.
Дар изҳороти муштараки миёнравҳо гуфта мешавад, ки музокирот дар фазои мусбат ва созанда ҷараён гирифта, ҷонибҳо ба пешрафтҳои умедбахш ноил шудаанд. Аз ҷумла, иштирокдорони гуфтушунидҳо барои идомаи музокироти техникӣ механизмҳои навро ба мувофиқа расондаанд.
Тибқи иттилои ҷонибҳои миёнрав, дар ҷараёни музокирот кумитаи сатҳи баланд таъсис дода шуд, ки назорати сиёсии раванди миёнравиро ба уҳда мегирад. Ҳамчунин қарор шудааст, ки гурӯҳҳои корӣ дар самтҳои масъалаҳои ҳастаӣ, таҳримҳо, назорат ва ҳалли ихтилофҳо фаъолият кунанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин “харитаи роҳ”-ро барои расидан ба созишномаи ниҳоӣ миёни Амрико ва Эрон дар муҳлати 60 рӯз мувофиқа кардаанд. Ба гуфтаи миёнравҳо, ин харитаи роҳ заминаи оғози фаврии музокироти минбаъдаи техникӣ хоҳад шуд.
Илова бар ин, миёни ҷонибҳо хатти иртиботӣ таъсис дода шудааст, то аз рух додани ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва нофаҳмиҳо пешгирӣ шуда, гузариши бехатари киштиҳои тиҷоратӣ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз таъмин гардад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи таъсиси як гурӯҳи ҳамоҳангсоз бо иштироки Ҷумҳурии Лубнон ва миёнравҳо ба мувофиқа расидаанд. Вазифаи ин гурӯҳ назорати риояи созиш дар бораи қатъи амалиёти низомӣ дар Лубнон арзёбӣ мешавад.
Музокироти техникӣ оид ба ҳамаи масъалаҳо то охири ҳафта дар Бюргеншток идома хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ дар шарҳи натиҷаҳои музокирот изҳор доштааст, ки бо талошҳои миёнравҳои қатарӣ ва покистонӣ баъзе маҳдудиятҳо барои содироти нафти Эрон бардошта шуда, як қисми дороиҳои масдудшуда озод ва нақшаи барқарорсозии Эрон оғоз гардидааст.
Пештар сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ аз “пешрафти хуб” дар музокирот бо Амрико хабар дода буд.
Музокироти Эрон ва Амрико дар Швейтсария дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъи минтақа, аз ҷумла масъалаи гулӯгоҳи Ҳурмуз, амалиёти низомӣ дар Лубнон ва ихтилофҳои марбут ба таҳримҳо, ҳамоно аз мавзӯъҳои асосии баҳси ду ҷониб боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ