Дар Душанбе нимпайкараи Шота Руставелӣ гузошта шуд
Дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Тоҷикистон дар кӯчаи Шота Руставелии шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир ва адиби классики асримиёнагии Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ аъзои ҳайати давлатии Гурҷистон таҳти роҳбарии Сарвазири ин кишвар Ираклий Кобахидзе, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли адабу илм ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Тавре таъкид гардид, насби нимпайкараи Шота Руставелӣ рамзи дӯстӣ ва таҳкими равобити фарҳангиву таърихии Тоҷикистону Гурҷистон ба ҳисоб меравад.
Шота Руставелӣ аз бузургтарин адибони Гурҷистон буда, бо достони машҳури худ «Паҳлавони пӯсти палангпӯш» дар адабиёти ҷаҳон ҷойгоҳи хос касб кардааст. Осори ӯ ба забонҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикӣ тарҷума шуда, миёни хонандагони тоҷик низ маҳбубияти зиёд дорад.
Дар ин асари ҷовидона ғояҳои инсондӯстӣ, адолат, баробарӣ ва дӯстии халқҳо тарғиб гардида, он дар фарҳанги тоҷик низ мақоми вижа пайдо кардааст. Тарҷумаи тоҷикии ин асар бо саҳми шоирону адибони маъруфи тоҷик анҷом дода шудааст.
Иштирокдорони маросим иброз доштанд, ки чунин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши дӯстии анъанавии байни Тоҷикистону Гурҷистон мусоидат менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ