Шоир ва донишманде, ки дар 43-солагӣ аз олам рафт (видео)
Алишери Муҳаммадӣ, шоир, мутарҷим ва донишманди тоҷик имрӯз зодрӯз дорад. Агар умр вафо мекард, ӯ ба синни 49 мерасид.
Алишери Муҳаммадӣ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст. Дар тӯли фаъолияти худ дар вазифаҳои гуногун кор карда, аз соли 2017 дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик фаъолият дошт.
Ӯ нахуст ба ҳайси муҳаррири хурд, баъдан муҳаррири пешбари редаксияи таърих ва аз соли 2020 то охири умр ҳамчун мудири редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ адои вазифа намудааст.
Алишери Муҳаммадӣ муаллифи қариб даҳ мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, дар онҳо бештар ба масъалаҳои арзишҳои маънавию ахлоқӣ таваҷҷуҳ кардааст.
Осори манзуми ӯ дар маҷмӯаҳои «Никоҳи аҷуза» (2003), «Ранги ҳавасҳо» (2005) ва «Сафинаи зиё» (2010) ба табъ расидаанд. Дар шеърҳои ӯ мавзӯъҳои ишқ, васфи табиати кӯҳистон ва инсонгароӣ ҷойгоҳи махсус доранд.
Алишери Муҳаммадӣ 16 ноябри соли 2020 дар синни 43-солагӣ бар асари бемории дил аз олам чашм пӯшид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ