Ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот идома дорад

Таҳти роҳбарии бевоситаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот идома дорад.

Ба иттилои сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимиён, барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ 26 нафар наҷотдиҳанда сафарбар шудаанд. Роҳбарии гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба зиммаи полковник Иззат Қурбонзода вогузор гардида, корҳои ҷустуҷӯ ҳам дар сатҳи об ва ҳам дар зери он анҷом дода мешаванд.

Ба ҳайати гурӯҳи ҷустуҷӯӣ 10 нафар кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии КҲФ, 9 нафар аз Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва 7 нафар аз Раёсати КҲФ дар минтақаи Кӯлоб шомил мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон корҳои ҷустуҷӯ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин идома дошта, то ҳол натиҷаи мушаххасе ба даст наомадааст.

Ёдовар мешавем, ки 17 июн раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳангоми бозгашт аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон ҳамроҳи ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтарчаи дусолаашон Орифа Мирзонаботзода, ёрдамчии раиси вилоят Садоншо Ҷанобалишо ва ронанда Сино Муборакшоев дар километри 282-юми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, автомашина ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Мақомоти масъул корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *