Алишер Мирзонабот – аз марзбон то раиси ВМКБ
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ки субҳи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият баён намудааст.
Тибқи маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодиса тахминан соати 10:40 дақиқа дар километри 282-юми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба амал омадааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, автомашинаи хидматии тамғаи «Ланд Крузер-200» бо рақами давлатии 287 ТҶ таҳти идораи ронанда Сино Муборакшоев ҳаракат мекард. Дар натиҷаи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадан, автомашина ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро вайрон намуда, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.
Дар хабарномаи расмии ВКД зикр шудааст, ки аз ҷойи ҳодиса рақами давлатии автомашина ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт дарёфт гардидаанд.
Муайян шудааст, ки дар дохили автомашинаи хидматӣ раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, ёрдамчии ӯ Садоншо Ҷанобилшоев, ҳамсари раиси вилоят ва фарзанди хурдсоли ӯ қарор доштаанд. Дар бораи сарнавишти дигар мусофирони автомашина то лаҳзаи омода шудани ин матлаб маълумоти расмии мукаммал нашр нашудааст.
Пас аз рух додани ҳодиса, бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти дахлдор фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар масъулони давлатӣ дар маҳали ҳодиса корҳои ҷустуҷӯиву тафтишотиро роҳандозӣ намуданд.
Тибқи иттилои расмӣ, таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Баъдтар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалокати Алишер Мирзонаботро расман тасдиқ намуд. Дар паёми ҳамдардӣ таъкид шудааст, ки марҳум аз ҷумлаи кадрҳои соҳибтаҷриба ва содиқ ба давлату миллат ба шумор мерафт ва вазифаҳои хизматии худро ҳамеша бо масъулияти баланд иҷро мекард.
Тибқи маълумоти дастрас, рӯзи 16-уми июн Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, баъдан ба сӯйи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаракат кардааст.
Ӯ ҳамчунин рӯзи 15-уми май бо гурӯҳи шахсиятҳои намоёни ВМКБ, аз ҷумла ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бо мақсади гиромидошти хотираи неку ҷовидонаи фарзонафарзандони миллат ва зиёрати оромгоҳҳои шаҳидони Ватан – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳузур дошт.

Маълумотнома
Алишер Мирзонабот 27-уми августи соли 1980 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Рӯшон соли 1997 ба хизмати ҳарбӣ рафта, солҳои 1998-2000 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.
Ҳавас ва шавқи касбӣ ӯро ба роҳи хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар овард. Соли 2003 Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси идоракунии ҳарбӣ хатм намуд. Баъдан соли 2006 Академияи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия ва соли 2018 Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба анҷом расонид.
Фаъолияти хизматии ӯ асосан бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон пайванд дошт. Аз соли 2003 ба ҳайси муовини сардори ситоди отряди сарҳадии ноҳияи Мурғоб фаъолият намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногуни фармондеҳӣ ва ситодӣ кор кард. Ӯ солҳои гуногун дар ноҳияҳои Мурғоб, Спитамен, Конибодом, Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вазифаҳои масъули роҳбариро ба уҳда дошт.
Соли 2017 ба вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Соли 2018 Алишер Мирзонабот муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд.
24-уми ноябри соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Хоруғ таъин шуд.
5-уми ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Алишер Мирзонабот раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. Ин таъинот дар як давраи ҳассоси таърихи вилоят сурат гирифта буд. Дар солҳои баъдӣ ӯ ба таҳкими суботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодӣ, беҳбуди инфрасохтор, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинони вилоят машғул шуд.
Ҳамзамон ӯ ҳамчун намояндаи вилоят дар мақомоти олии қонунгузории кишвар фаъолият мекард. Аз соли 2022 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, баъдан ба ҳайси муовини Раиси Маҷлиси миллӣ фаъолият намуд. Пас аз интихоботи нави парлумонӣ дар соли 2025 низ ба ин вазифаи баланд интихоб гардид.
Алишер Мирзонабот соли 2015 бо медали «Марзбони шуҷои Ватан», соли 2021 бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2022 бо ордени «Шараф» дараҷаи II қадрдонӣ гардидааст. Ӯ соҳиби рутбаи олии ҳарбии генерал-майор буд. Алишер Мирзонабот оиладор ва соҳиби чор фарзанд буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ