Амрико ва Осиёи Марказӣ. Шералӣ Кабир ва Серҷио Гор дар мулоқоти “C5+1” чӣ гуфтанд?
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар мулоқот бо Серҷио Гор, фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ гуфт, ки аз беш аз 800 кони маъдани Тоҷикистон ҳоло танҳо 100 кон истихроҷ мешавад.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ин мулоқот дар доираи Муколамаи навбатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби “C5+1” рӯзи 10-уми июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шудааст. Дар он аз ҷумла масъалаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим ва қиматбаҳои Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
Шералӣ Кабир гуфтааст, ки дар миёни конҳои кашфшудаи Тоҷикистон захираҳои литий, сурма, мис ва унсурҳои нодир мавҷуданд. Ба гуфтаи ӯ, корҳои геологӣ то ҳол танҳо дар ҳудуди 5 дарсади ин конҳо анҷом ёфтаанд. Аз ин рӯ, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва роҳандозии тарҳҳои муштарак дар ин самт имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни суханронӣ дар муколамаи “C5+1” иқтидори сармоягузорӣ ва саноатии кишварро дар самтҳои энергияи “сабз”, истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим, инчунин рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ кардааст. Ӯ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо ширкатҳои пешбари байналмилалӣ дар самти коркарди маъданҳои нодир ба роҳ монад.
“Мо на танҳо ба истихроҷи ашёи хом, балки ба ташкили истеҳсолоти муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, омода кардани мутахассисон ва рушди ҳамкориҳои илмӣ низ манфиатдор ҳастем”,- гуфтааст Шералӣ Кабир.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Фарғона” менависад, ки Серҷио Гор дар ин ҳамоиш аз нияти Вашингтон барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, минтақа ҳамчун маркази муҳими тиҷорати ҷаҳонӣ, пайвастҳои нақлиётӣ ва занҷирҳои устувори таъминот аҳамияти бештар пайдо мекунад.
“Президент Трамп аҳамияти Осиёи Марказиро барои тиҷорати ҷаҳонӣ, пайвастагӣ ва маъданҳои муҳим дарк мекунад”,- гуфтааст Серҷио Гор.
Ба таъкиди намояндаи ИМА, Осиёи Марказӣ муддати тӯлонӣ аз таваҷҷуҳи кофии Амрико бархӯрдор набуд, аммо маъмурияти Доналд Трамп қасд дорад ин равандро тағйир диҳад.
Ҳамчунин, Серҷио Гор зикр кардааст, ки Вашингтон кишварҳои Осиёи Марказиро шарикони умедбахш медонад ва Корпоратсияи молиявии рушди байналмилалии ИМА имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаро меомӯзад.
Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди маъданҳои нодир мебошад. Бо вуҷуди ин, дар гузоришҳои байналмилалӣ дар бораи захираҳои маъданӣ номи кишвар ҳанӯз камтар зикр мешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки омӯзиши пурраи геологии конҳо, ҷалби сармоя ва роҳандозии коркарди саноатии маъданҳо метавонад Тоҷикистонро ба яке аз бозигарони муҳим дар бозори ашёи стратегӣ табдил диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ