Қаҳрамонии хонандаи мактаб дар Хатлон
Як хонандаи мактаб дар шаҳри Бохтар кӯдаки дусоларо аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ӯ Зоир Юсуфҷонов, хонандаи синфи 10-уми мактаби №14-и Бохтар ном бурдааст. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар ҳудуди ин шаҳр писарчаи 2-солаеро, ки ба дарё афтода, дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, наҷот дод.
Ин ниҳод гуфтааст, ки “ба шарофати амалҳои саривақтӣ ва ҷасорат”-и Зоир Юсуфҷонов кӯдаки дусола аз об берун оварда шуда, ба беморхона интиқол ёфт ва ҳоло вазъаш хуб аст.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон барои масъулияти шаҳрвандӣ ва наҷот додани ҳаёти инсон ба Юсуфҷонов Зоир изҳори сипос намуда, барояш Сипоснома ва як планшет туҳфа намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ