Зодрӯзи ҳунарманде, ки таронаҳояш дар хотирҳо мондаанд (видео)

Имрӯз, 18 июн зодрӯзи овозхони маъруфи тоҷик Бунафша Шокирова аст. Агар умр вафо мекард, ӯ ба синни 54-солагӣ мерасид.

Бунафша Шокирова аз овони кӯдакӣ ба ҳунари сарояндагӣ дил баста, дар чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекард. Фаъолияти ҳунарии худро бо даъвати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозим дар ансамбли мардумии «Ганҷина» оғоз намуд. Соли 1998 бо даъвати Саидқул Билолов ба ансамбли «Дарё» пайваст.

Соли 2001 нахустин консерти бузурги худро дар Кохи Борбад бахшида ба Рӯзи модар бо номи «Бунафша» баргузор кард. Ӯ бештар бо иҷрои сурудҳои мардумӣ маҳбубияти зиёд пайдо намуд.

Таронаҳои «Пазмон шудам», «Ҷонам, бигӯ», «Ошиқи сӯзон», «Модар» ва даҳҳо суруди дигар то имрӯз дар байни дӯстдорони мусиқии тоҷик маҳбубанд. Дар маҷмӯъ, дар репертуари ҳунарманд зиёда аз 80 суруд ҷой гирифтааст.

Бунафша Шокирова 30 майи соли 2022 пас аз мубориза бо бемории саратон дар синни 50-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Ёди ин сарояндаи хушсадо ва таронаҳои дилнишинаш дар қалби ҳаводоронаш ҳамеша зинда хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *