Одина Ҳошим – нобиғаи аср
Одина Ҳошим дар фарҳанги тоҷик падидаи бемисл аст. Садои ӯ рамзи як давра, таҷассумгари суннатҳои мардумӣ ва оинаи рӯҳу эҳсоси миллат мебошад. Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки овозаш ба хотираи фарҳангии миллат табдил ёфта, номи ӯ ба рушди мусиқии мардумӣ, арзишҳои фарҳангии тоҷикон пайванд мехӯрад. Ҳамин аст, кисанъатшиносон Аслиддин Низомӣ ва Сайдулло Убайдуллоев ӯро “Нобиғаи аср”номидаанд.
«Нобиғаи аср» маҷмӯаест, ки фарогири очерки тарҷумаи ҳол, таҳқиқи осор ва маҷмуаи нотаҳои 80 суруди устод Одина Ҳошим мебошад. Ҳамчунин маълумотномаи библиографӣ ва аксҳои хотиравии хунёгари бузург низ ба китоб илова шудааст. Маҷмӯа аз 443 саҳифа иборат буда, аз ҷониби Шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чоп шудааст. Ин китоби арзишманд зимни як ҳамоиши бошукӯҳ рӯзи 17-уми июн бо иштироки пажӯҳишгарон, аҳли илму адаб, ҳунармандон, хонаводаи устод Одина Ҳошим ва алоқамандони эҷодиёти ӯ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид.



Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода дар сарсухани хеш Одина Ҳошимро ҳамчун падидаи фарҳангӣ муаррифӣ мекунад, ки тавонистааст суруди мардумиро ба сатҳи арзишҳои бузурги миллӣ барорад.
Дар идома, рисолаи “Нобиғаи аср”-и санъатшиноси маъруф, мудири Шуъбаи санъатшиносии АМИТ, профессор Аслиддин Низомӣ, ки фарогири зинаҳои камолот ва таҳқиқи маҳсули эҷоди устоди ҳунар Одина Ҳошим аст, манзури хонанда гардидааст. Муаллиф кӯшиш мекунад, ки моҳияти ҳунари Одина Ҳошимро ба хонанда шиносонад. Ҳамчунин, муаллиф дар мавриди нақши Одина Ҳошим дар рушди санъати тоҷик, тарбияи шогирдон, хислатҳои неки инсонӣ ва маҳбубияти ӯ дар байни мардум низ андешаҳои ҷолиб баён кардааст.


Дар ҳамин қисми аввал андешаҳои аҳли адабу фарҳанг, аз ҷумла Муҳаммад Осимӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Холмаҳмад Маҷид, Саидалӣ Маъмур, Абдулмаҷид Достиев, Сорбон, Ҷонон Икромӣ ва дигарон низ дар мавриди Одина Ҳошим оварда шудааст, ки ин устоди ҳунарро ҳамчун шахсияти бисёрҷанба муаррифӣ мекунанд.
Қисми дуюми китоб намунаҳо аз оҳангҳои эҷоднамудаи Одина Ҳошим аст. Ҳунарманди шинохта, навозанда ва бастакор, мусиқишинос Сайдулло Убайдуллоев намунаи 80 суруди ин ҳунарманди бузургро ба нота гирифтааст, ки хизмати шоиста ва ибтикори муҳим дар тарғиби осори устоди ҳунар Одина Ҳошим мебошад. Ин бахши китобро метавон яке аз арзишмандтарин бахшҳои асар донист. Зеро дар фарҳанги мусиқии мо бисёр сурудҳо ва оҳангҳо солҳои дароз ба шакли шифоҳӣ ҳифз мешуданд. Онҳо аз устод ба шогирд мегузаштанд. Аз ҷумла осори устод Одина Ҳошим хеле кам ба нота гирифта шудааст. Ба нота даровардани оҳангҳо маънои онро дорад, ки як бахши муҳими мероси устод барои наслҳои оянда дар шакли устувор нигоҳ дошта мешавад. Аз ин ба баъд аз ин ганҷи шойгон метавонанд омӯзгорон, донишҷӯёни соҳаи мусиқӣ, муҳаққиқон, сарояндагони ҷавон ва навозандагон истифода кунанд.
Вақте хонанда китоби мазкурро ба даст мегирад, суоле дар зеҳнаш пайдо мешавад: Чаро Одина Ҳошим нобиғаи аср аст?
Мутолиа китоб ба хонанда посухи ин суолро медиҳад. Посухи ин суолро на танҳо дар овози Одина Ҳошим, балки дар таъсири ӯ ба фарҳанги тоҷик бояд ҷуст. Нобиға касест, ки аз ҳудуди маҳорати шахсӣ берун меравад ва ба як мактаб, як падида ва як меъёри фарҳангӣ табдил меёбад. Одина Ҳошим маҳз чунин ҳунарманд буд. Ӯ овози табиӣ, самимият, дарки баланди шеър, эҳтиром ба матн ва қобилияти нодири расонидани маъниро дошт.
Яке аз вижагиҳои бузурги ҳунари Одина Ҳошим муносибати ӯ бо шеър аст, махсусан ба шеъри классикӣ. Ӯ шеърро агар дарк намекард, намехонд, балки онро эҳсос мекард, мефаҳмид ва ба шунаванда мерасонид. Одина Ҳошим яке аз беҳтарин мубаллиғони шеъри классикӣ дар асри ХХ буд. Ин хусусият барои мусиқии тоҷик бисёр муҳим аст, зеро мусиқии мо ҳамеша маҳсули пайванди каломи баланд ва оҳанги пуртаъсир аст. Одина Ҳошим ин пайвандро бо маҳорати фавқулода нигоҳ дошт. Ӯ тавонист дар замоне, ки мусиқии Шуравӣ ва мусиқии Ғарб ба рӯзгори мардуми мо ворид гардида буд, асолати мусиқии миллии тоҷикиро нигоҳ дорад, ашъори классикиро ба гӯши мардум расонад, зери таъсири ашъори классикӣ сурудҳои мардумӣ эҷод кунад.
Аслиддин Низомов таъкид мекунад, ки саҳми Одина Ҳошим дар рушди санъати тоҷик пеш аз ҳама дар зинда нигоҳ доштани мусиқии мардумӣ ва фалак ифода меёбад. Ӯ ба ин навъи мусиқӣ на ҳамчун осори қадимӣ, балки ҳамчун нерӯи зиндаи фарҳангӣ муносибат мекард. Дар иҷрои ӯ суруди мардумӣ ранги тоза мегирифт, аммо асолати худро гум намекард. Ӯ анъанаро эҳтиром мекард, вале дар доираи тақлид маҳдуд намемонд. Ҳамин аст, ки ӯ дар ташаккули завқи мусиқии мардум низ хизмати бузурге анҷом додааст.
Дар маҷмуъ, «Нобиғаи аср» як падидаи фарҳангӣ ва кори мондагор дар шинохти устоди ҳунар, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим аст.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ