Як ҳафта машварату табобати ройгон дар “Истиқлол”

Аз 22 то 28-уми июн дар бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барои беморони калонсоли гирифтори бемориҳои дилу раг ва кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодии дил машварат, табобат ва ҷарроҳии дил гузаронида мешавад.

Тавре аз бемористони мазкур хабар додаанд, амалҳои зеринро мутахассисони эронӣ дар ҳамкорӣ бо ҷарроҳони қалб аз Тоҷикистон ройгон мегузаронанд.

Дар рӯзҳои номбурда машварати ҷарроҳони қалб ройгон буда, ташхиси дил (ЭКГ ва ЭхоКГ) пулакӣ аст.

Беморони дорои нуқсонҳои модарзодии дил, ки гувоҳномаи камбизоатӣ доранд, метавонанд барои баррасии имкони анҷоми ҷарроҳияшон аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ба бемористони “Истиқлол” муроҷиат кунанд.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *