Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, тавсеаи номгӯйи маҳсулоти содиротӣ ва беҳтар кардани сифати молҳои таҳвилшавандаро баррасӣ кардаанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба идомаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба зиёд намудани ҳаҷми тиҷорати мутақобила байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 равона шудааст.

«Дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ тиҷорати мутақобила тамоюли мусбат нишон медиҳад. Гардиши мол мутаносибан 25% ва 27% афзоиш ёфтааст»,- таъкид кардааст Максим Решетников.

Ба гуфтаи ҷониби Русия, имкони васеъ кардани номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқавории содиротии Тоҷикистон ба бозори Русия низ баррасӣ шудааст. Ин иқдом аз ҷумла бо истифода аз зарфияти корхонаи муштараки ҶДММ «Тоҷ Рос Экспорт» ва дар доираи иҷрои қарордодҳои ҶСК «Гранд-Трейд» бо ҳафт таъминкунандаи тоҷикистонӣ амалӣ карда мешавад.

«Дар соли 2026 мо афзоиши минбаъдаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русияро ба андозаи беш аз 10% пешбинӣ мекунем. Ин афзоиш аз ҳисоби тавсеаи номгӯйи маҳсулоти таҳвилшаванда сурат хоҳад гирифт»,- гуфтааст роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Русия.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, то 10-уми май аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон дар маҷмуъ 78 тонна зардолу ва 10 тонна гелос содир шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия метавонад барои деҳқонон ва соҳибкорони Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам созад. Бо вуҷуди ин, барои истифодаи пурраи ин имконият беҳтар кардани бастабандӣ, нигоҳдорӣ, логистика ва мутобиқати маҳсулот ба талаботи бозори Русия муҳим арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *