Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба Бохтар расид
Корвони ҷумҳуриявии «Навои модарони ваҳдатсаро» дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон вориди шаҳри Бохтар гардид. Аз меҳмонон раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва дигар масъулони маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.
Тавре ба Pressa.tj хабар доданд, аъзои корвон нахуст ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар назди муҷассамаи ӯ гулчанбар гузоштанд.
Сипас меҳмонон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва намунаҳои тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
Дар идомаи сафар ҳайати корвон ба Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин ташриф оварда, бо фаъолияти китобхона, шароити фароҳамшуда барои мутолиа ва хизматрасониҳои фарҳангиву маърифатии он ошно гардиданд.
Корвони ҷумҳуриявии «Навои модарони ваҳдатсаро», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, ба таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои ватандӯстӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа равона гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ