Эрон ва ИМА санади тафоҳум оид ба танзими муносибатҳоро имзо карданд

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп санади тафоҳумеро ба имзо расониданд, ки ба коҳиши танишҳо ва оғози марҳилаи нави муносибатҳои ду кишвар нигаронида шудааст.

Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, ин санад натиҷаи чанд даври музокироти ғайримустақим буда, иҷрои бандҳои он аз ҳамин рӯз оғоз мегардад. Дар раванди музокирот Покистон нақши миёнҷиро иҷро кардааст.

Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф изҳор доштааст, ки пас аз имзои санад ҷонибҳо ба татбиқи марҳилаи аввали созиш шурӯъ мекунанд.

Тибқи созиш, ҳаракати киштиҳои тиҷоратӣ тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз аз сар гирифта шуда, маҳдудиятҳои баҳрии марбут ба Эрон тадриҷан бекор карда мешаванд. Ҳамзамон, ҷонибҳо барои идомаи музокирот ва ҳалли масъалаҳои боқимонда муҳлати 60-рӯзаро муайян кардаанд.

Коршиносон ин созишро яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна арзёбӣ намуда, бар он назаранд, ки он метавонад ба таъмини амнияти роҳҳои муҳими интиқоли нафт ва суботи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *