Қонуни афв. Киҳо аз зиндонҳо озод мешаванд?

16-уми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни афвро имзо кард, ки он давоми ду моҳ ба 18 ҳазору 38 нафар татбиқ мегардад. Аз ин чанд нафар ба озодӣ мебароянд? Муҳлати ҷазои чанд нафар кам карда мешавад? Қонуни афв нисбати киҳо татбиқ намешавад? Мо ба ин суолҳо посух ҷустем.

Бахшида ба ҷашни Истиқлол

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Қонуни афв дар арафаи яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи Тоҷикистон – ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имзо шудааст. “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Баъди баррасӣ ва қабули он аз ҷониби парлумон, қонун аз ҷониби Сарвари давлат ба имзо расид”,- хабар дод рӯзи 16-уми июн сомонаи Президенти кишвар.

“Қабули Қонун «Дар бораи афв» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд”,- омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Афви беш аз 18 ҳазор нафар

Тавре ишора шуд, қонуни мазкур нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар татбиқ мегардад. Хадамоти матбуоти Президенти кишвар менависад, ки тибқи Қонуни афв аз ҷумла 11 ҳазору 305 кас аз зиндону боздоштгоҳ ва ҳабси сукунатӣ раҳо шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мешавад.

Манбаъ гуфтааст, аз 507 зан, ки дар зиндонҳо адои ҷазо мекунанд, 248 тан озод шуда, муҳлати адои ҷазои 259 зани дигар кам карда мешавад. Ҳамчунин, аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо менамоянд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 тани дигар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи хадамоти матбуоти президент, Қонуни афв шахсонеро, ки парвандаашон мавриди таҳқиқ аст ё дар баррасии додгоҳ қарор дорад, низ дар бар мегирад.

Президенти кишвар мақомотро муваззаф кардааст, ки Қонун “Дар бораи афв”-ро дар ду моҳ иҷро карда, зиндониёни раҳошударо бо кор таъмин карда, ноболиғонро ба таҳсил фаро гиранд.

Шарҳи Прокурори генералӣ

Пеш аз он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расад, лоиҳаи он дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи қонунро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ намуда, муҳимтарин муқаррароти онро шарҳ дод.

Тавре аз сабти ҷаласа, ки тавассути радиои давлатии «Фарҳанг» пахш гардид, бармеояд, Прокурори генералӣ зикр кардааст, ки қонун аз 22 модда иборат буда, ба озод намудани як қисми маҳкумшудагон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои онҳо равона шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, афв пеш аз ҳама ба гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир дахл мекунад. Аз ҷумла, занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, шахсони дорои маъюбият, гирифторони бемориҳои вазнин, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, дорандагони мукофотҳои давлатӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз имтиёзҳои қонун истифода баранд.

Ҳамчунин, шахсоне, ки ҷиноятро аз беэҳтиётӣ содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо аз адои он озод карда мешаванд. Муқаррароти қонун инчунин ба шаҳрвандоне татбиқ мегардад, ки нисбат ба онҳо иҷрои ҷазо мавқуф гузошта шудааст, ё ҷазо шартан татбиқ нашудааст ва ё онҳо шартан пеш аз муҳлат аз маҳрумият аз озодӣ озод гардидаанд.

Тибқи шарҳи Прокурори генералӣ, маҳкумшудагоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудаанд, пурра аз адои ҷазо озод мегарданд.

Инчунин, барои онҳое, ки барои ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ва ё барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардида, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро сипарӣ намудаанд, озодшавӣ аз адои ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода гуфтааст, ки афв нисбати шахсоне, ки бо иттиҳоми “маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта” (моддаи 179, иловаи 2, қисмҳои 1, 2-и КҶ) маҳкум шудаанд, бо шарте, ки маблағгузорӣ то 1 ҳазор сомонӣ бошад ва касоне, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори кам (дар банди “в”, қисми 3, моддаи 200, ё банди “в”, қисми 3, моддаи 201-и КҶ) зиндонӣ шудаанд, низ татбиқ мегардад.

Яке аз муқаррароти муҳими қонун ба шахсони синнашон ба 70 расида дахл дорад. Тибқи он, чунин шаҳрвандон, ба истиснои ашхосе, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҷиноятҳо бар зидди сохти конститутсионӣ, амнияти давлат ва ё бар зидди сулҳу амнияти инсоният маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Дар баробари озодкунӣ, қонун коҳиш додани муҳлати боқимондаи ҷазоро низ пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда, инчунин ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна то нисф кам карда мешавад. Барои ҷиноятҳои вазнин муҳлати боқимонда аз се як ҳисса ва барои ҷиноятҳои махсусан вазнин аз чор як ҳисса коҳиш дода мешавад.

Кӣ афв намешавад?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» як қатор маҳдудиятҳоро низ пешбинӣ кардааст. Ба гуфтаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, қонун нисбат ба ҳамаи категорияҳои маҳкумшудагон татбиқ намегардад.

Аз ҷумла, афв ба шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ҷиноятҳо бар зидди асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ҷиноятҳо бар зидди сулҳу амнияти инсоният маҳкум шудаанд, дахл намекунад.

Ҳамчунин, шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳкум гардидаанд, инчунин онҳое, ки баъд аз истифодаи афви соли 2021 боз ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин ё хавфнок содир намудаанд, аз доираи афв берун мемонанд.

Бо вуҷуди ин, қонун нисбат ба баъзе гурӯҳҳои маҳкумшудагон ҳатто дар шароити мавҷуд будани маҳдудиятҳо низ имтиёзҳои муайян пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, барои занон ва ноболиғоне, ки бо сабабҳои дар қонун пешбинишуда аз адои ҷазо пурра озод карда намешаванд, муҳлати боқимондаи ҷазои маҳрумият аз озодӣ се сол кам карда мешавад.

Инчунин муҳлати адонагардидаи ҷазои баъзе маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, сарфи назар аз маҳдудиятҳои пешбинишуда, аз як то се сол коҳиш дода мешавад.

Яке аз навгониҳои муҳими қонуни нав масъалаи бардоштани доғи судӣ мебошад. Ба гуфтаи Прокурори генералӣ, бори аввал дар таърихи қонунҳои афви Тоҷикистон барои шахсоне, ки то рӯзи қабули қонун ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир кардаанд, имконияти бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шудааст. Ин меъёр дар қонунҳои қаблӣ вуҷуд надошт.

Дар айни замон, афв шаҳрвандонро аз иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ озод намекунад. Аз ҷумла, шахсони афвшуда аз пардохти товони зарари моддии расонидашуда ва ё дигар ҷазоҳои иловагии таъингардида озод карда намешаванд.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, яке аз хусусиятҳои ҷолиби қонуни нав татбиқи он нисбат ба шахсони дар кофтукоб қарордошта мебошад. Тибқи моддаи 13-и қонун, нисбат ба чунин шахсон афв бе даъват ва ҳатто бе гирифтани ризоияти онҳо татбиқ карда мешавад.

Ба таъкиди Прокурори генералӣ, ин муқаррарот бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва маҳдуд кардани имкониятҳои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ба омори расман эълоншудаи беш аз 18 ҳазор нафар афвшаванда дастгиршудагон, гумонбарон, айбдоршавандагон ва шахсоне, ки парвандаҳои онҳо дар марҳилаи тафтиш, таҳқиқ ё баррасии суд қарор доранд, дохил намешаванд. Аз ин рӯ, эҳтимол дорад шумораи умумии шаҳрвандоне, ки аз афв баҳраманд мегарданд, дар ҷараёни татбиқи қонун афзоиш ёбад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз ҳисоби татбиқи қонун:

– 4 ҳазору 263 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мешаванд;

– 3 ҳазору 50 нафар аз муассисаҳои сукунатӣ раҳо мегарданд;

– 3 ҳазору 258 нафаре, ки ба ҷазоҳои ба маҳрумият аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум шудаанд, аз иҷрои ҷазо озод карда мешаванд;

– 734 нафар аз пардохти ҷаримаи таъингардида озод мегарданд;

– муҳлати адонагардидаи ҷазои 6 ҳазору 733 маҳкумшуда кам карда мешавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ин бузургтарин афви солҳои охир дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бори охир соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ афви сартосарӣ эълон шуда буд, ки беш аз 16 ҳазор гумонбар, айбдоршаванда ва маҳкумшударо фаро гирифта буд. Пас аз он 20-уми марти соли 2025 ба муносибати ҷашни Наврӯз ва дар асоси принсипҳои инсондӯстӣ, дастгирии оила ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакону наврасон фармони махсус ба имзо расид, ки тибқи он 897 нафар маҳкумшуда барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озод шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *