Боздошти Ҳоҷӣ Холмад бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Тағойбеков Холмаҳмад, сокини шаҳри Ваҳдат маъруф бо тахаллуси «Ҳоҷӣ Холмад» бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гумонбар бо таъсиси ҶДММ «Азиятранс» ба фаъолияти боркашонӣ машғул шуда, бо истифода аз эътимоди шаҳрвандон ба онҳо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин намудан дар кишвари Словакияро додааст.
Гуфта мешавад, моҳи декабри соли 2025 ӯ 22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурда, онҳоро давоми 20 рӯз дар он ҷо нигоҳ доштааст. Ба гуфтаи мақомот, мутобиқи нақшаи пешниҳодшуда, шаҳрвандон мебоист баъди хатми курсҳои ронандагӣ ва гирифтани шаҳодатнома ба Словакия сафар мекарданд. Вале баъд аз пардохти беш аз 700 доллари амрикоӣ аз ҷониби ҳар як нафар, ба онҳо кортҳо ва чипҳое дода шудаанд, ки танҳо дар ҳудуди Ӯзбекистон амал мекардаанд.
Тибқи маълумоти тафтишот, дар давоми ҳафт моҳи баъдӣ ягон нафар аз ин шаҳрвандон ба кишварҳои Аврупо фиристода нашудааст. Ҳар як ҷабрдида барои ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ, рафтуомад, ҷойи зист ва хароҷоти дигар беш аз 12 ҳазор сомонӣ сарф кардааст. Илова бар ин, Тағойбеков Холмаҳмад аз ҳар як нафар 1300 сомонӣ низ гирифтааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, гумонбар қаблан низ чор маротиба бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд.
Вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ