Дар Тоҷикистон беш аз 110 корхона бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият доранд
17 июни соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Сарвазири мамлакат баргузории ин форумро барои тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки талошҳои муштарак ба фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ, густариши шарикии байниминтақавӣ ва истифодаи имкониятҳои нави сармоягузорӣ равона гардидаанд.
Гуфта шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 110 корхона бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият доранд. Ҳамзамон, шумораи ширкатҳои фаъол бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз 400 адад гузаштааст.

Сарвазири кишвар зимни муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон таъкид намуд, ки пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии пайвастаи бахши хусусӣ, воридсозии технологияҳои муосир ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 35 дарсад зиёд мебошад. Ҳоло дар кишвар 82 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад.
Дар робита ба ин, Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ташкилотҳои молиявӣ, сармоягузорон ва ҷомеаи тиҷоратӣ омода аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ