Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуд Пизишкиён

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар имзои тафоҳумномаи сулҳ миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба роҳбарият ва мардуми Эрон табрик гуфтааст.

Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки санади сарнавиштсози аз ҷониби сарони ду давлат баимзорасида барои таъмини сулҳи пойдор дар Ховари Миёна ва берун аз он, таҳкими суботи байналмилалӣ ва рушди устувор аҳаммияти калидӣ дорад.

Ба иттилои манбаъ, Сарвари давлати Тоҷикистон ба мардуми Эрон сулҳу субот ва амнияти пойдор таманно намудааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун баён доштаанд.

Пеш аз ин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар робита ба имзои тафоҳумномаи сулҳ миёни Теҳрон ва Вашингтон номаи шодбошӣ ирсол карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *