Файзалӣ Ҳасанов – фалакхони сабки роғӣ (видео)

78 сол муқаддам дар ҳамин рӯз,  яъне 19 июни соли 1948 Файзалӣ Ҳасанов – Ҳофизи халқии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳр Душанбе соли 1968 ба факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1972 онро бо ихтисоси корҳои маданӣ-маърифатӣ ва муаллими мактаби мусиқӣ ба итмом мерасонад.

Файзалӣ Ҳасанов солҳои 1975 – 2004 ба ҳайси роҳбари бадеии Театри халқии ноҳияи Масква (Ҳамадонӣ) ва роҳбари мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия фаъолият намудааст.

Аз соли 2004 бо даъвати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари дастаи ҳунарии «Дарё» ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Айни замон Ф. Ҳасанов ба ҳайси омӯзгор ва сарояндаи ансамбли давлатии «Фалак», омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият мекунад. Тӯли фаъолияти эҷодии хеш Ҳасанов Ф. ба кишварҳои Эрон, Афғонистон, Франсия, Россия, Лубнон, Сурия, Қатар, Полша, Германия, Ҳиндустон, Покистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.

Файзалӣ Ҳасанов ҳамчун фалакхони сабки роғӣ маъруф аст. Дар ин ҷода ӯ шогирди устод Одина Ҳошим буда, баъди устодаш дар ғазалхонӣ хеле комёб гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *