Суғд имкониятҳои сармоягузорӣ ва содиротии худро муаррифӣ кард

18 июни соли 2026 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки имрӯз дар вилоят зиёда аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи ӯ, вилояти Суғд бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро густариш дода, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноативу кишоварзиро сол ба сол афзоиш медиҳад.

Дар доираи намоишгоҳ ба иштирокдорон имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори соҳаҳои саноат ва кишоварзии вилояти Суғд муаррифӣ гардид. Меҳмонон зимни боздид аз гӯшаҳои намоишгоҳ бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои вилоят шинос шуда, ба сифат ва гуногунрангии онҳо баҳои баланд доданд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии худро муаррифӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории вилояти Суғд, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва тақвияти содироти маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *