Шинос шавед! Зокир Каримзода – сардори нави Раёсати андоз дар Хатлон

Зокир Каримзода сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Ҷурабеки Ҷумъаро иваз кард. Ҷурабеки Ҷумъа аввали ҳафтаи равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Ба иттилои расида, Зокир Каримзода аз мутахассисони варзидаи соҳаи андоз ба шумор меравад. Ӯ то таъин шудан ба вазифаи нав сардори Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Суғд буд. Қаблан ҳамин масъулиятро дар вилояти Хатлон низ ба уҳда дошт.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, сардори навтаъйини Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Зокир Каримзодаро ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати иҷрои содиқона ва софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, риояи қонунгузорӣ, беҳтар намудани ҷамъоварии андозҳо ва тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорон дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *