Тафсилоти ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав

Шаби 17 ба 18 июн Маскав ва атрофи он мавриди ҳамлаи густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифт. Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин ҳангоми наздик шудан ба пойтахти Русия сарнагун карда шуданд.

Дар пайи афтодани пораҳои яке аз бесарнишинҳо дар ҳудуди бозори «Садовод» сӯхтор ба амал омад. Ин бозор аз марказҳои бузурги савдо дар Маскав ба шумор рафта, дар он шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ фаъолият мекунанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ дар ин бозор то ҳол хабаре нашр нашудааст.

Бино ба иттилоъ, бозори «Садовод» барои муддате баста шуда, баъд аз нисфирӯзӣ фаъолияти худро аз сар гирифтааст.

Ҳамчунин дар маркази савдои «Белая дача», ки дар наздикии бозори «Садовод» ҷойгир аст, сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, ки пас аз афтодани пораҳои бесарнишин, қисме аз боми бинои асосии маркази савдо оташ гирифтааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, чанд ҳавопаймои бесарнишин ба самти иншооти саноатӣ дар ноҳияи Капотняи Маскав, аз ҷумла минтақаи корхонаи коркарди нафт, ҳаракат кардаанд. Дар пайи ин ҳодиса дар ҳудуди Корхонаи коркарди нафти Маскав сӯхтор сар зада, баъди чанд соат хомӯш карда шудааст.

Губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв дар бораи паёмадҳои ҳамлаи бесарнишинҳо хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Жуковский як бинои истиқоматии серошёна осеб дида, дар Любертси бинои варзишӣ ва як иншооти саноатӣ зарар дидаанд. Дар Электростал бошад, боми чанд хонаи шахсӣ осеб бардоштааст.

Ба иттилои мақомоти вилояти Маскав, бар асари ҳамлаҳо 17 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамлаи шабона ба фаъолияти фурудгоҳҳои Маскав низ таъсир расондааст. Фурудгоҳҳо барои муддате маҳдудият ҷорӣ карда, мақомоти ҳавонавардӣ маҷбур шуданд, ки беш аз 500 парвозро лағв, ба таъхир гузоранд ё масири онҳоро тағйир диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *