Ҳангомаҳои аввалин дар даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

Бузургтарин ҳангомаҳои Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 дар оғози марҳилаи гурӯҳӣ хатоҳои дастаҳои аврупоӣ ва амрикоӣ буданд, ки азимдастаҳои талабгори унвони чемпионӣ дар бозиҳо бо дастаҳое, ки бечунучаро дар ин мусобиқа заиф ҳисобида мешуданд, имтиёзҳоро аз даст доданд.

Аз ҷумлаи натиҷаҳои ғайричашмдошти даври аввал – ин мусовии ҳангомавии дастаи миллии Бразилия бо Марокаш буд – 1:1 Дар ҳамин ҳол мағрибиҳо аввалин шуда гол заданд ва дар муқобили бразилиҳо кам наомаданд. Боз як ҳангомаи бузургтар, ки олами футболро ба ҳайрат овард, мусовии бидуни голи Испания бо Кабо-Верде буд. Кабо-Верде дастаест, ки бори аввал ба қисми ниҳоии ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтааст ва аз заифтарин дастаҳои мусобиқа ҳисобида мешуд.

Инчунин, мусовии дастаҳои Швейтсария ва Қатар низ коршиносону мухлисонро ба ҳайрат овард. Наметавон гуфт, ки пирӯзии Австралия бар Туркия бо ҳисоби 2:0 низ ҳангома аст, аммо ба ҳар ҳол кам касон чашдори чунин ранг гирифтани бозӣ буданд. Мусовии Зеландияи Нав бо Эрон (2:2) аз бозиҳое буд, ки мухлисони тоҷикро як каме аз эрониҳо ноумед кард.

Натиҷаи бозиҳои дигар он қадар ғайричашмдошт набуданд, аммо ин ки Куриёи Ҷанубӣ Ҷумҳурии Чехро бо ҳисоби 2:1 дар муборизаи шадид мағлуб кард, дар ҳоле ки Эквадораз Кот-д’Ивуар шикаст хӯрд (1:0), як каме эҳсосбарангез аст.

Дар ҳамин ҳол, сармураббии дастаи Тунис Сабри Лямуши, баъди он ки даста бо ҳисоби 1:5 аз Шведсия мағлуб шуд, аз вазифа барканор гардид. Аз назаррастарин ҳодисаҳои дигари ин марҳала голи задаи дастаи Кюрасао ба дарвозаи Олмон буд, ҳарчанд ин даста бо ҳисоби 1:7 мағлуб шуд.

Яке дигар аз ҷолибтаринҳо се голи Леонел Мессии 38-сола ба дарвозаи Алҷазоир буд, ки Аргентина бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *