10 миллион доллар барои соҳаи пахта
Тоҷикистон ва Ширкати исломии байналмилалии маблағгузории тиҷорат дар соҳаи пахта созишномаи 10–миллиондолларӣ имзо карданд.
Ин санад рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд аз ҷониби Ҳоким Холиқзода, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Адиб Юсуф, раҳбари Ширкати исломии байналмилалии маблағгузории тиҷорат ба имзо расидааст.
Ҳадафи созишнома густариши дастрасии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони ватании пахта ба маблағгузории тиҷоратӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа ва мусоидат ба рушди минбаъдаи маҷмааи агросаноатии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Интизор меравад, ки маблағгузории мазкур ба беҳтар шудани имкониятҳои молиявии ширкатҳо ва хоҷагиҳои пахтакор, афзоиши ҳаҷми содирот ва тақвияти мавқеи пахтаи Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат кунад.
Ҳамчунин, дар доираи мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби маблағгузории исломӣ ба бахшҳои иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ