Президенти Тоҷикистон ба пайвандони раиси ВМКБ изҳори ҳамдардӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба аҳли оила, наздикон ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст, субҳи 17 июн Раиси ВМКБ ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба ҳалокат расид.

Сарвари давлат аз хизматҳои марҳум дар фаъолияти давлатӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳои соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша бо садоқат ва масъулияти баланд иҷро мекард.

Бо супориши Президенти мамлакат барои муайян намудани ҳолатҳои садама ва расонидани кӯмакҳои зарурӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар роҳбарону масъулони дахлдор ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

Алишер Мирзонабот дар баробари вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бар уҳда доштан, ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *