Хабари фаврӣ. Шарҳи ВКД оид ба садамаи мошини раиси ВМКБ
17 июни соли 2026, тахминан соати 10:40, дар километри 282-юми шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз. садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд Крузер-200» бо рақами қайди давлатии 287 ТҶ, Муборакшоев Сино Меҳробшоевич, ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа, автомашина ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро осеб расонида, сипас ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, дар дохили автомашина Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии ӯ Ҷанобилшоев Садоншо Рамазоншоевич, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят қарор доштаанд.
Аз ҷойи ҳодиса як адад рақами қайди давлатии 287 ТҶ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт дарёфт гардидааст.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ятимов Саймумин Сатторович, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар маҳалли ҳодиса қарор дошта, ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ ва тафтишотиро назорат мекунанд.
Таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ