Мошини Раиси ВМКБ ба дарё рафт

Мошини Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз шаҳри Душанбе ба самти Хоруғ  ба дарё рафтааст.

Манбаъҳои Pressa.tj мегӯянд, ҳодиса дар мавзеи Яхчи Сор, дар даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз рух дода, мошини ҳомили раиси вилоят ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар дохили мошин ҳамроҳ бо Алишер Мирзонабот аъзои хонавода ва ронандааш низ қарор доштаанд. Ҳоло дар бораи вазъи онҳо маълумоти расмӣ дастрас нест.

Манбаъҳои огоҳ  ба Pressa.tj гуфтанд, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса расида, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро анҷом медиҳанд.

Ҳоло ҷустуҷӯи Алишер Мирзонабот ва наздиконаш қад-қади дарёи Панҷ идома дорад.

То ҳол мақомот дар бораи ин ҳодиса расман иттилоъ надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *