Манъи дастрасии кӯдакон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Бритониё

Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё рӯзи 15-уми июн эълон кард, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои афроди то 16-сола дар ин кишвар манъ хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, ки ин шабакаҳо кӯдакон ва навҷавононро дар рӯ ба рӯи муҳтавои “хатарнок” қарор медиҳанд, ки “барои муътод кардан тарроҳӣ шудаанд”.

Тибқи эълони ҳукумати Бритониё, ин мамнуият шомили платформаҳое чун “Снапчат”, “Тикток”, “Ютуб”, “Инстаграм”, “Фейсбук” ва Х мешавад, аммо шомили хадамоти паёмрасон, монанди “Вотсап” намешавад.

Ин тасмим аз сӯйи бархе ниҳодҳои хайрияи ҳомии кӯдакон истиқбол шуд, аммо бархе фаъолони дигар ҳушдор доданд, ки чунин тасмим метавонад наврасонро дар фазои онлайнӣ камтар эмин нигаҳ дорад.

Нахуствазири Бритониё гуфт, ки ин мамнуият зери таъсири таҷрибаи Австралия анҷом мешавад, ки дар моҳи декабри соли гузашта аввалин кишваре буд, ки дастрасии афроди зери 16-сола ба шабакаҳои иҷтимоиро манъ кард.

Кейр Стармер ибрози умедворӣ кардааст, ки оинномаи манъи истифодаи кӯдакон ва навҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ то охири декабри соли ҷорӣ қабул мешавад ва дар моҳҳои аввали соли оянда ба иҷро медарояд.

Канада ҳам ахиран истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои шахсони то 16-соларо манъ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *