Талоши интиқоли 17 сар гов аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз пешгирии кӯшиши интиқоли ғайриқонунии чорво ба самти Тоҷикистон хабар доданд.Талоши интиқоли 17 сар гов аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ҳодиса шаби 15 ба 16 июн дар яке аз қитъаҳои марзии вилояти Бодканд рух додааст.

Гуфта мешавад, ду нафар мехостаанд 17 сар гов ва як сар аспро бидуни гузаштани расмиёти гумрукӣ аз марз убур диҳанд.


Тибқи маълумоти ҷониби Қирғизистон, гумонбарон барои гузаронидани чорво симхори марзиро буридаанд. Ҳангоми кӯшиши боздошт онҳо ба талаботи марзбонон итоат накарда, муқовимат нишон додаанд.Дар натиҷа, марзбонон аз силоҳ истифода бурдаанд.

Бар асари ҳодиса яке аз гумонбарон ҷароҳат бардошта, ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шудааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *