Ҷонибдории 17 давлат аз ҳамкории нав бо Эрон

Шумораи кишварҳое, ки аз изҳороти муштараки Фаронса, Италия, Британияи Кабир ва Олмон дар бораи эҳтимоли бекор кардани таҳримҳо алайҳи Эрон пуштибонӣ мекунанд, ба 17 давлат расид.

Дар изҳороти муштарак гуфта мешавад, ки кишварҳои аврупоӣ аз ёддошти тафоҳум миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон истиқбол намуда, омодаанд барои пешгирӣ аз дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ бо Вашингтон, Теҳрон ва Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ ҳамкорӣ кунанд.

Муаллифони изҳорот таъкид кардаанд, ки дар сурати анҷом додани иқдомҳои мушаххас ва қобили санҷиш аз ҷониби Эрон дар самти барномаи ҳастаӣ, масъалаи лағви таҳримҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Ба ҷуз аз чор кишвари ташаббускор, Ҷопон, Канада, Австралия, Белгия, Булғористон, Кипр, Ҷумҳурии Доминикан, Эстония, Финландия, Юнон, Латвия, Лаҳистон ва Португалия низ аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *