Меҳринисо Ҳоҷибоева – ҳунарманди маъруфи театр ва синамо (видео)
Имрӯз, 17 июн ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Меҳринисо Ҳоҷибоева зодрӯз дорад.
Меҳринисо Ҳоҷибоева 17 июни соли 1959 таваллуд шуда, беш аз чаҳор даҳсола аст, ки ба рушди санъати тоҷик хизмат мекунад. Ӯ аз соли 1980, пас аз хатми риштаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз намуда, то имрӯз дар саҳнаи театр боқӣ мондааст.
Ҳунарпеша дар намоишномаҳои машҳури театрӣ, аз ҷумла «Аршин-мололон», «Ҳасани аробакаш», «Манам ягонаи ту», «Моҷаро, саҳна, ишқ», «Лаку пак» ва «Ревизор» нақшҳои барҷаста офаридааст. Ӯ ҳамчунин дар синамои тоҷик фаъолияти пурсамар дошта, дар филмҳои «Асрори тақдир» ва «Хаёлӣ» нақшҳои хотирмонро иҷро кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ