Имзои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Имрӯз, 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расонид.

Тавре хабар дода мешавад, лоиҳаи қонун бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии Президенти кишвар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, баъд аз қабули он ба имзо расид.

Қонуни мазкур ифодаи сиёсати инсондӯстонаи давлат буда, барои ислоҳ ва бозгашти шахсони ҷиноятсодирнамуда ба ҳаёти муқаррарӣ мусоидат мекунад. Тибқи қонун, авф нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар татбиқ мешавад.

Аз ин шумора, 11 ҳазору 305 нафар аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, муассисаҳои сукунатӣ ва дигар ҷазоҳои ба маҳрумият аз озодӣ алоқаманднабуда озод мегарданд. Ҳамчунин муҳлати адонагардидаи ҷазои 6 ҳазору 733 нафар кам карда мешавад.

Қонун барои занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештар пешбинӣ намудааст. Аз 507 зани маҳкумшуда 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод шуда, муҳлати ҷазои 259 нафари дигар кам карда мешавад. Аз 134 ноболиғи маҳкумшуда 99 нафар озод гардида, муҳлати ҷазои 35 нафари дигар коҳиш дода мешавад.

Авф инчунин нисбат ба шахсоне татбиқ мегардад, ки парвандаҳои онҳо дар марҳилаи таҳқиқ, тафтиш ё баррасии судӣ қарор доранд.

Мақомоти дахлдор вазифадор шудаанд, ки иҷрои қонунро дар муҳлати ду моҳ таъмин намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои бо кор таъмин намудани шахсони озодшуда, ҷалби ноболиғон ба таҳсил ва ба роҳ мондани бақайдгирии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар матбуот ба нашр мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *