Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни авфро баррасӣ кард
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.
Ҷаласа таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода баргузор шуда, пас аз муҳокимаи масъала қарори дахлдор қабул гардид.
Лоиҳаи қонунро Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва роҳбарони як қатор кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ба вакилон шарҳу тавзеҳ доданд.
То ҳол ҷузъиёти қонун ва теъдоди шахсоне, ки метавонанд зери амали авф қарор гиранд, расман эълон нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ