Китоби нави “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” чоп шуд

Феҳристи нав бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2026 тасдиқ шуда, аллакай барои истифода дар сабти номи кӯдакони навзод ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод шудааст.

Тавре намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, аз феҳристи қаблӣ, ки аз соли 2023 амал мекард ва 4056 ном дар он гирд оварда шуда буд, 1745 ном хориҷ карда шуда, 965 номи нав аз “Фарҳанги номҳои зебои ориёӣ” илова карда шудааст.

Ҳамин тавр, дар феҳристи навшудаи номҳои тоҷикӣ 3461 номҳои асили тоҷикона гирд оварда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *