Бузургдошти файласуф ва сиёсатшинос Иброн Шарипов
Дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки ба баррасии мероси илмӣ, фалсафӣ ва нақши арзишманди донишманди маъруф Иброн Шарипов дар рушди андешаи миллӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ бахшида шуда буд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз гардида, зимни суханронӣ саҳми олимони миллӣ дар рушди тафаккури илмӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешбурди таҳқиқоти муосири фалсафиро муҳим арзёбӣ намуданд.


Сипас, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Нозим Давлатмурод Маҳмадизода суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки омӯзиш ва таҳқиқи осори мутафаккирону муҳаққиқони ватанӣ барои рушди мактаби миллии фалсафа ва таҳкими пояҳои илмии давлатдорӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар қисми илмии конференсия як қатор олимону муҳаққиқон бо маърузаҳои таҳлилӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сотсиология, профессор Ш. Шоисматуллоев дар мавзуи «Таҳлили хусусиятҳои раванди ташаккули давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон дар китоби И. Шарипов “Ташаккули давлатдории тоҷикон” андешаҳои илмии худро пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи «Иброн Шарипов – файласуф ва сиёсатшиноси беназир» доир ба ҷойгоҳи илмии донишманд ва саҳми ӯ дар рушди афкори сиёсӣ суханронӣ намуд.
Дар идома, доктори илмҳои фалсафа, профессор Идибек Зиёев бо маърузаи «Андешаи миллӣ ва худогоҳӣ – ду ҷанбаи ташаккули ҳувияти миллӣ дар таълимоти фалсафии Иброн Шарипов» масъалаҳои муҳими худшиносӣ ва арзишҳои миллиро мавриди таҳлил қарор дод.
Ҳамзамон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Н. Н. Содиқӣ дар мавзуи «Иброн Шарипов ва нақши ӯ дар ташаккули мактаби фалсафаи иҷтимоии тоҷик» ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Б. Ч. Самиев дар мавзуи «Ташаккули худшиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ – масъалаи меҳварии таълимоти фалсафии Иброн Шарипов» баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва афкори иҷтимоии олимро баррасӣ карданд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён мулоҳизаҳои худро оид ба шахсият, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва саҳми арзишманди Иброн Шарипов дар рушди илми фалсафа ва ҷомеашиносии кишвар иброз намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои густариши муҳити илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои академӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ