Муслиҳиддин хост милитсияро фиреб диҳад, аммо…

Муслиҳиддин Ғоибов, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе, пас аз бохтани маблағи 8960 сомонӣ дар бозиҳои қиморӣ бо пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба мақомоти корҳои дохилӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ӯ рӯзи 12 июн ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар кӯчаи Соҳилии пойтахт аз ҷониби шахсони номаълум мавриди латукӯб қарор гирифта, маблағи пулиаш тасарруф шудааст.

Аммо зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кардаанд, ки воқеан ҳеҷ гуна ғоратгарӣ ё ҳамла рух надодааст.

Ба иттилои манбаъ, Муслиҳиддин Ғоибов маблағи мазкурро ҳангоми бозиҳои қиморӣ аз даст дода, баъдан барои пинҳон намудани воқеият аз волидайни худ ва гумроҳ сохтани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи содир шудани ҷиноят маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардааст.

Мақомоти милитсия мегӯянд, пешниҳоди хабарҳои бардурӯғ на танҳо фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро халалдор мекунад, балки метавонад барои худи шахс низ ҷавобгарии ҷиноятӣ ба бор орад.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати номбурда тибқи моддаи 346 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *