Пажӯҳишгари мероси Борбад зодрӯз дорад (видео)
Имрӯз, 16 июн зодрӯзи муаррихи маъруфи фарҳанги мусиқӣ, доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабзода аст. Ӯ 82 – сола шуд.
Аскаралӣ Раҷабзода 16 июни соли 1944 ба дунё омада, аз ҷумлаи муҳаққиқони барҷастаи таърих ва назарияи мусиқии тоҷик, халқҳои эронинажод ва кишварҳои Шарқ ба шумор меравад. Ӯ солҳои зиёд ба омӯзиш ва таҳқиқи мероси мусиқии миллӣ машғул буда, дар рушди илми мусиқишиносии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
Хидмати ӯ махсусан дар пажӯҳиши ҳаёт ва фаъолияти Борбад – поягузори мусиқии форсу тоҷик, арзишманд арзёбӣ мешавад. Бо талошҳои пайвастаи ин донишманд мероси мусиқии классикии тоҷик мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта, барои наслҳои оянда ҳифз шудааст.
Аскаралӣ Раҷабзода муассис ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ин ниҳодҳо дар омӯзиш, ҳифз ва муаррифии фарҳангу мусиқии халқҳои минтақа нақши муҳим доранд.
Ба қалами ӯ зиёда аз 15 китобу рисола ва қариб 550 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, тақриз ва китобшиносӣ тааллуқ дорад. Ӯ ҳамчунин мураттиб ва муҳаррири чандин асари бунёдӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом» ва «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» мебошад.
Номи Аскаралӣ Раҷабзода ҳамчун яке аз чеҳраҳои намоёни илми мусиқишиносӣ ва пажӯҳишгарони фарҳанги миллӣ дар таърихи илму фарҳанги Тоҷикистон ҷойгоҳи шоиста дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ