Тағйироти кадрӣ дар чанд ниҳоди давлатӣ

Бо фармон ва қарорҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 июн дар як қатор сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.

Сафаралӣ Қурбонзода аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ озод шуда, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардид. Ба ҷойи ӯ Азамат Азимӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин шуд.

Ҳамзамон, Давлат Давлатзода Раҳмон сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи сармоягузорӣ таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Орзу Аҳмадзодаро иваз кард.

Дар Кумитаи андоз низ тағйирот ба амал омад. Абдусалом Раҳимзода муовини аввали раиси Кумитаи андоз таъин шуда, Аюбҷон Солеҳзода ба ҳайси муовини раиси кумита фаъолиятро идома медиҳад. Ҷурабеги Ҷума низ муовини раиси Кумитаи андоз таъин гардид.

Фаридун Холназарзода муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ таъин шуд.

Гулрухсор Тиллоӣ ба вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Мусаввара Шукурзода директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ширин Солеҳзода аз вазифаи муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ озод шуда, Икромиддин Азиззода ба ин мансаб таъин шуд. Сабаби озод шудани Солеҳзода гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Абдуқаюм Қаландарзода намояндаи кишвар дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро низ фаро гирифт. Фатҳулло Ҷабборзода ректори Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия таъин шуд.

Масрур Саидзода ректори Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гардид.

Бахтиёр Маҳмадалӣ ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд таъин шуда, Давлатзода Давлат Сангин роҳбарии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба уҳда гирифт.

Инчунин, Абдусалом Мирзозода ректори Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин гардид.

Дар баробари ин, бо фармони Президент Зебонисо Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хоҳиши худ ва Сайдо Саъдуллозода, додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *