Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Файсал ибни Қосим оли Сонӣ дар шаҳри Душанбе
15 июни соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттило расмӣ, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зоҳир карда шуд.
Ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гидроэнергетика, фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, инчунин бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори муосир ҳам тамаркуз карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштарак барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳаҳо идома дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ