Афзоиши истеҳсоли тухм дар Суғд

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2026 дар вилояти Суғд 6 миллиону 610 ҳазору 641 сар паранда мавҷуд буда, дар панҷ моҳи соли равон 352 миллиону 216,1 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандапарвар-2017» аз ҷониби соҳибкор Темур Мамедов таъсис ёфта, ба истеҳсоли тухми паранда нигаронида шудааст. Айни замон дар корхона беш аз 550 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад.

Тибқи маълумот, дар корхона ҳар рӯз то 350 ҳазор дона тухм истеҳсол шуда, ҳаҷми солонаи истеҳсолот беш аз 120 миллион донаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии мамлакат пешниҳод шуда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *