Дар Тошканд китоби «Дарёдил» муаррифӣ шуд

Дар тарабхонаи «Тоҷик-қурутоб»-и шаҳри Тошканд маросими рӯнамоии китоби «Дарёдил»-и рӯзноманигор ва шоираи тоҷик Нодира Отахонова бо иштироки аҳли илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор гардид.

Китоб, ки аз ҷониби нашриёти «Маҳорат»-и шаҳри Самарқанд дар теъдоди 500 нусха ба нашр расидааст, ба зиндагӣ ва фаъолияти соҳибкор, фарҳангдӯст ва хайрхоҳи тоҷик Мурод Махсудов бахшида шудааст. Пешгуфтори китобро Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маъруф Отахонзода навиштааст.

Дар маросими рӯнамоӣ аъзои ҷамъияти миллию фарҳангии тоҷикони Тошканд «Ориёно», кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик», олимон, адибон ва рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек ширкат варзиданд.

Раиси ҷамъияти миллию фарҳангии «Ориёно» Тоҷибой Икромов зимни суханронӣ таъкид кард, ки китоб корномаи Мурод Махсудовро ҳамчун шахсияти саховатпеша ва пуштибони фарҳанги тоҷик ба таври фарогир инъикос намудааст. Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии молиявии ин соҳибкори маъруф даҳҳо китоби эҷодкорони тоҷик ба нашр расида, китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон низ бо адабиёти тоза ғанӣ гардонида шудаанд.

Журналисти собиқадор Раҳимҷон Султонов Мурод Махсудовро аз ҷумлаи шахсиятҳои камназире арзёбӣ кард, ки бо ихлосу самимият барои рушду ривоҷи забон, адабиёт ва фарҳанги миллӣ саҳм мегузоранд.

Дар маҳфил ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Одил Икром, доктори илмҳои фалсафа Ақназар Қурбонмамадов, рӯзноманигор Шоқаҳор Салимзода, ровии барномаи «Рангинкамон» Шарофат Эрматова, шоир Паймон, нависанда Юнуси Имомназар ва дигар шахсиятҳои фарҳангӣ суханронӣ намуда, саҳми Мурод Махсудовро дар пуштибонии фарҳанг ва адабиёти тоҷик баланд арзёбӣ карданд.

Дар поёни ҳамоиш китоби «Дарёдил» бо соядасти муҳаррири он Маъруф Отахонзода ба иштирокчиёни маҳфил тақдим гардид.

Мирасрор Аҳроров,
узви Иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон,
шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *