Тоҷикистон ва Гурҷистон 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Зимни музокироти сатҳи баланд ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, 11 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд.

Имрӯз, 19 июн Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Ираклий Кобахидзе бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Баъдан дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Гурҷистон таҳти раёсати сарвазирони ду кишвар баргузор гардид. Дар мулоқоти хоса ва музокироти васеъ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Қоҳир Расулзода нахустин сафари расмии Сарвазири Гурҷистонро ба Тоҷикистон таърихӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки он дар муносибатҳои ду кишвар саҳифаи нави ҳамкориро боз мекунад.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки робитаҳои Тоҷикистону Гурҷистон бар пояи эътимод, эҳтиром ва дӯстии анъанавӣ бунёд ёфтаанд. Ҳамчунин аз саҳми мутахассисони гурҷӣ дар рушди соҳаҳои илм, сохтмон, меъморӣ ва тандурустии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Ҷонибҳо афзоиши гардиши савдои дуҷонибаро мусбат арзёбӣ карданд. Ба иттилои расмӣ, соли 2025 ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар беш аз 37 фоиз ва дар чор моҳи соли 2026 64 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар рафти музокирот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, нақлиёт ва логистика, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ баррасӣ шуданд.

Пас аз анҷоми музокирот маросими имзои 11 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум дар самтҳои алоқаи ҳавоӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, варзиш, фарҳанг, мубориза бо коррупсия, ҳифзи муҳити зист ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расиданд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ба густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Гурҷистон такони нав бахшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *