Боздошти фолбине, ки бо муш ва сӯзан ҷодугарӣ мекард
Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе занеро боздошт намудаанд, ки бо истифода аз сӯзану ришта ва муш ҷодугарӣ мекардааст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Пирӯза Тоирова аз ҷониби кормандони бахши кор бо ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони машғул шудан бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду боздошт шудааст.
Дар рафти тафтишот исбот шудааст, ки Пирӯза Тоирова, соли таваллудаш 1986, бо истифода аз риштаҳои ранга, сӯзан ва ҳайвонот, аз ҷумла мушҳо фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ карда, аз шаҳрвандон пул мегирифтааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса нисбати Пирӯза Тоирова тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ин занро ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бастааст, ки 6240 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ